Соли шикастҳои террористони наҳзатӣ
Соли 2018-и милодӣ бо тамоми бурду бохтҳои хеш ба саҳафоти таърих ворид мешавад. Ин сол барои мардуми кишвар соли бобарор ва соли муваффақияту созандагӣ буд, ки дар ҳамаи арсаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ новобаста аз душвориҳо ва мушкилоти мавҷуда, ба пешрафт ва дастовардҳои муҳим ноил гардиданд. Ҳарчанд худбохтагону беҳувиятоне дар хориҷи кишвар кӯшишҳо ба харҷ доданд, то монеи рушди кишвар гарданд, аммо онҳо ба муваффақияте ноил нашуданд. Дар маҷмӯъ метавон соли 2018-ро барои нерӯҳои зиддимиллӣ ва зидди истиқлоли тоҷикистон соли нокомӣ ва варшикастагӣ арзёбӣ намуд. Шикасти ин гурӯҳҳои терористии ҳувиятбохта ба таври зайл аст:
Соли нокомиҳо ва шармандагиҳои террористони наҳзатӣ
Инак соли 2018-и мелодӣ бо ҳамаи бурду бохтҳояш ба саҳифаи таърих ворид гашт. Соил 2018 барои мардуми тоҷику тоҷикистонӣ соли бобарору пурфайз буд. Дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гашт. Ҳарчанд душманони миллати тоҷик дар хориҷи кишвар дар симои ташкилоти террористии наҳзатии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ бо супориши «хоҷагонашон» кӯшиш карданд, ки бо ҳар роҳу восита монеи рушди кишвар дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ гарданд, аммо ин палидҳо ба орзӯҳои ғаразноки зидди миллиашон нарасиданд ва ба нокомӣ дучор гардиданд.
Мушти ҳақиқат ба рӯйи наҳзат
Соли 2018 бо воқеъаҳо ва ҳодисаҳои аҷибу ғарибаш дар хотирҳо мондааст. Яке аз воқеъаҳои аҷиби дар соли гузашта рухдода муноқишаи тудаи террористони наҳзатӣ бо яке аз аъзоёни ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Саидзода зимни баргузории конфронси САҲА дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон буд. Аз як тараф сар задани чунин як ҳолати ногувор зимни баргузории ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ амали нохуб буд. Вале таҳлили ҷараёни ҳодисаи мазкур ва тамошои навори видеоии он муноқиша исбот мекунад, ки фаъолони ташкилоти террористии наҳзатӣ бо мақсади бадном кардани ҳайати Тоҷикистон ин иѓворо барангехта будаанд.
Игвои террористони наҳзатӣ ғайричашмдошт набуд
Иғвогарию моҷароҷӯӣ ва дигар амалҳои палидона барои террористони наҳзатӣ як кори маъмулӣ ба ҳисоб меравад. Онҳо барои расидан ба мақсадҳои ғаразнокашон ҳамеша аз усулҳои ноҷавонмардона истифода мекунанд. Аз ин рӯ, дар дилхоҳ ҳолату маврид аз тарафи инҳо сар задани макру ҳиллаҳои ғайриинсонӣ эҳтимол дорад.
Дар саҳни бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд
Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд корҳои ободониву кабудизоркунӣ бо маром идома дорад.
Нимаи дуюми рӯзи 3 январ дар саҳни бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳашари ниҳолшинонӣ доир шуд ва кормандони мақомоти иҷроия бо роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода беш аз 200 бех ниҳолҳои ороишӣ шинониданд.