Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони боғчаи бачагона ва маркази саломатӣ дар ноҳияи Деваштич
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Яхтан бо рафти сохтмони боғчаи бачагона шинос гардид.
Иншооти мазкур дорои утоқҳои корӣ, ошхона толори барҳаво барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун, пешайвон, майдони бозии кӯдакон буда, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд гардида истодааст. Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ ба сохтмончиён ҷиҳати анҷоми босифати корҳо, истифодаи масолеҳи хушсифати ватанӣ супоришҳои мушаххас дода, инчунин дастур дод, ки дар ҳавлии он ҳавзи шиноварӣ барои кӯдакон бунёд карда шавад.
Роҳи марказии ноҳияи Деваштич ба масофаи беш аз 16 км ба таъмири куллӣ фаро гирифта мешавад
13 июли соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Деваштич сафари корӣ анҷом дода, бо раванди корҳои бунёдкорӣ аз наздик шинос гардид.
Ҷоиз ба зикр аст, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят бо қарори Раиси вилоят “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” эълон гардида, дар доираи ин иқдом дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо намудааст.
Дар пойгоҳи обкашии “Дилварзин-2” агрегатҳои нав насб карда шуд
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Мастчоҳ бо нашъунамои пахта дар хоҷагии деҳқонии “Олиҳа”-и Ҷамоати деҳоти Палдорак ва фаъолияти пойгоҳи обкашии “Дилварзин-2” шинос шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, барои беҳтар намудани вазъи обрасонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ва барои харидории агрегатҳои нав ба пойгоҳи “Дилварзин-2” аз буҷети вилоятӣ 2,5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ба пойгоҳи обкашӣ ду агрегати пуриқтидор дастрас карда шуд.
Оғози мумфаршкунии роҳи шаҳраки Бӯстон – деҳаи Азизободи ноҳияи Мастчоҳ
12 июли соли равон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои мумфаршкунии роҳи шаҳраки Бӯстон – деҳаи Азизободи ноҳияи Мастчоҳ оғоз бахшида шуд.
Роҳи мошингарди Бӯстон - Азизобод, ки ба таъмири куллӣ ниёз дошт, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат таҷдид хоҳад шуд. Фармоишгар Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пудратчӣ ширкати роҳсозии «Тоҷроуд» мебошад. Тибқи иттилои масъулин беш аз 3 км роҳи Бӯстон – Азизобод бо паҳноии 7 метр пурра мумфарш карда мешавад.
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Мастчоҳ
12 июли соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ва сохтмони иншооти таъиноташон гуногун ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод.
Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, инчунин саҳмгузории фаъолону соҳибкорони ватандӯст дар ноҳияи Мастчоҳ сохтмони як қатор иншоот идома дорад. Бинои таълимӣ дар шаҳраки Ганҷободи Ҷамоати шаҳраки Суғдиён аз ҷумлаи чунин иншоотест, ки бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд мешавад. Тибқи лоиҳа бино таълимӣ аз се ошёна иборат буда, он барои 720 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудаст. Иншооти сохташаванда бо тамоми шароит, аз ҷумла толори варзишӣ, ошхона ва буғхона барои гармидиҳии мутамарказонидашуда сохта хоҳад шуд.