Раҳпаймоии 11 ҳазор нафар таҳти унвони «Ҷавонон ҷонибдори рушди босуботи кишвар»
Имрӯз, ҷумъаи 13 май 11 ҳазор нафар ҷавонони Суғдзамин дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд ҷамъ омада, бахшида ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон ҷонибдори рушди босуботи кишвар» раҳпаймоӣ намуданд.
Намояндагони ҷавонони вилояти Суғд зери шиори «Ҷавонон ҷонибдори рушди босуботи кишвар» аз ду самти хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ ва аз тарафаи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев раҳпаймоӣ намуда, дар пояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гирди ҳам омаданд.
Шашмақом мероси беназири фарҳангӣ барои имрӯзиён аст
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо ҳидоятҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусиқии суннатии Шашмақом дубора эҳё гардид ва хамасола 12 май ҳамчун Рӯзи Шашмақом дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.
Бояд гуфт, ки дар хазинаи мусиқии халқи тоҷик, ки таърихи тӯлонӣ дорад, санъати Шашмақом пурқиматтарин дурри гаронбаҳо аст. ин шоҳасари мадании мусиқии халқи тоҷик Шашмақом тӯли қарнҳо аз дил ба дил роҳ ёфта, аз устод ба шогирд чун мероси аҷдодӣ омадааст.
Бегона агар вафо кунад, хеши ман аст…
Андешаҳо перомуни никоҳҳои барвақтию хешутаборӣ ва муоинаи ҳатмии тиббии арўсу домод қабл аз хонадоршавӣ
Қонуне, ки ҳамагон интизораш буданд!
Аз якуми июли соли равон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқ надоранд, бо хешу таборони худ, яъне фарзандони амаку холаву тағо оила барпо намоянд. Дар ин маврид ибтидои соли равон бо пешниҳоди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон аз ҷониби вакилони мардумӣ дар парлумони кишвар ба Қонун «Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва «Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ва иловаҳои марбута ворид карда шуд. Тибқи тағйироти воридгардида, арўс ва домодшаванда муваззаф ҳастанд, то аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд. Сабаби аслии даст ба тағйироти мазкур задани намояндагони мардумӣ ин афзудани теъдоди зиёди кўдакони маъюбу беморони модарзодӣ дар хонаводаҳое ҳаст, ки зану шавҳар хешовандони наздик ба шумор мераванд.
Қарз зиллат аст!
Чаро имрўз масъулини муассисоту коргоҳҳо нисбат ба пардохти маблағи нерўи барқ беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд?
Вазъияти соҳаи энергетикии вилоят дар кадом сатҳ қарор дорад? Чаро имрўз масъулини муассисоту коргоҳҳо нисбат ба пардохти маблағи нерўи барқ беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд? Ин нукта ва дигар масъалаҳои вобаста ба таъмини нерўи барқ дар ҷаласаи кории Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ махсус таъкид гардида, ба масъулин вазифагузориҳои мушаххас карда шуда буд.
Доир ба ин мавзўъ мудири шўъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода вазъияти соҳаро шарҳ дода афзуд, ки истифодаи нерўи барқ дар кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд тадриҷан меафзояд.
Туғёни сели шаб
Санаи 9-уми майи соли 2016 борону селфароӣ дар ноҳияи Айниву шаҳри Панҷакент 3 нафарро ба ҳалокат расонд.
Сўҳроб Маҳмудов – сардори курсҳои Ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании вилояти Суғд дар сўҳбат гуфт, ки дар шаҳри Панҷакент соати 17:10 дар натиҷаи ба амал омадани борони пуршиддат дар Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани деҳаи Шўрча аз сои Зебон сел омада, дар натиҷа 4 хонаи истиқоматӣ пурра, 20 хонаи истиқоматӣ қисман, 2 км роҳи байни деҳа, 2 адад пули сойи Зебон ва биноҳои назди сой мавҷудбудаи Идораи хоҷагии обу ташноб, Муассисаи сайёри механиконидаи №278, бахши Ҳилоли Аҳмар, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хоҷагии ҷангал, 4 адад нуқтаи фурўши сўзишворӣ қисман вайрон гардиданд. Ҳамчунин, каналҳои Халифа Ҳасан, Тўхсанкориз, Эшон ва 60 гектар кишти зироат зарар диданд.