Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 дар ноҳияи Ёвон
6 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пешвои миллат бо имконият ва шароити муассисаи нави таълимӣ аз наздик шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбат намуданд.
Дар ноҳияи Айнӣ ба бунёди Маҷмааи меҳмонхонаҳо санги асос гузошта шуд
6 сентябри соли 2018 аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази ноҳияи Айнӣ ва шафати шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд ба бунёди Маҷмааи меҳмонхонаҳо санги асос гузошта шуд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинон ва фаъолони ноҳия иброз дошт, ки мавқеи ҷуғрофӣ ва табиати нотакрору манзараҳои дилфиреби ноҳия барои рушди соҳаи сайёҳии минтақа мусоидат менамояд. Танҳо зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда сатҳи хизматрасонӣ беҳтар ва барои истироҳату фароғати сайёҳони дохиливу хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Бунёди Маҷмааи меҳмонхонаҳо дар доираи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” талаботи рӯз маҳсуб ёфта, хизматрасонии сатҳи олӣ ва замонавӣ метавонад теъдоди сайёҳону гардишгаронро боз ҳам афзун созад.
Ифтитоҳи бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19-и ноҳияи Айнӣ
6 сентябри соли 2018 бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19-и ноҳияи Айнӣ бинои иловагии замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19 дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ воқеъ буда, бинои нави таълимӣ соли 2012 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд. Мактаб барои 640 хонанда дар ду баст бунёд гардида, дорои 25 синфхонаи таълимӣ ва озмоишгоҳҳои фаннии физика, кимиё, биология ва технологияи ҳунаромӯзӣ мебошад.
Ифтитоҳи боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе
5 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Муассисаи давлатии Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»-ро дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароиту имконияти мавҷудаи муассиса баъди навсозӣ шинос шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи эҳтиром ва пос доштани хотираи неки саромадони адабиёти тоҷик дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ гулчанбар гузоштанд.
Ифтитоҳи аввалин эстакада дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе
5 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт дар маросими ифтитоҳи аввалин эстакада дар Тоҷикистон иштирок намуданд. Эстакадаи мазкур дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки сохтмони ин эстакада 22 июли соли 2016 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд ва он вақт Сарвари давлат ба фармоишгарону паймонкорони иншоот ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба сомон расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дода буданд.