Оби тоза асоси зиндагист!
Гузориш аз машварати кории Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машварати кории Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо роҳбарияти як қатор ташкилоту идораҳои вилоятӣ, аз ҷумла Сарраёсати кишоварзӣ, Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят, раисони ҷамоатҳо ва миробҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, ки дар он асосан масъалаи беҳбуд бахшидан ба фаъолияти обрасонӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва мардуми минтақа тавассути каналҳои Унҷӣ – 1 ва Унҷӣ – 2 – и Канали калони Фарғона ва Сойи Хоҷа Боқирғон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷавонон: Мо пайрави Пешвои миллат
Бахшида ба Соли ҷавонон аз санаи 3 то 6 августи соли равон дар вилояти Суғд Форуми ҷумҳуриявии намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дигар қишри ҷавонони мамлакат таҳти унвони «Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат» баргузор гардид. Дар Форуми мазкур зиёда аз 150 нафар ҷавони фаъоли сохторҳои гуногун ширкат доштанд.
Иштирокчиёни Форум нахуст аз ҷойҳои таърихӣ ва хушбоду ҳавои вилоят дидан намуда, аз расму оин ва тарзи зиндагии минтақаҳои гуногуни Cуғдзамин аз наздик ошно гардиданд.
Машварати кории назди Раиси вилояти Суғд
Санаи 25 июли соли 2017 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд машварати кории назди Раиси вилоят баргузор шуд.
Дар машварати корӣ масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли хониш ва давраи зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Боздиди кории Раиси вилоят аз водии Яғноб
Бо мақсади ошноӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои дурдаст Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба водии Яғноби ноҳияи Айнӣ сафари корӣ анҷом дод.
Водии Яғноб аз минтақаҳои таърихии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар қисмати шарқии ноҳияи Айнӣ, дар мавзеи баландкуҳ ҷойгир шудааст. То замони муҳоҷирати сокинонаш ба дигар минтақаҳои кишвар, Яғноб аз 32 деҳа иборат буда, наздик 3200 нафар аҳолӣ доштааст. Айни замон дар 15 деҳаи он беш аз 400 нафар иқомат доранд.
Ғолибон соҳиби Грант шуданд
Субҳи бистуми июли соли равон 45 нафар занону духтарони ҳунарманд аз шаҳру навоҳии вилоят соҳиби Гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гардида, минбаъд бо маблағи ба даст овардаашон 464 нафар занони хонанишинро соҳиби касб ва ҷойи корӣ хоҳанд кард.
Маросими супоридани грантҳо дар Қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба ғолибони озмун Гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ супорид.