Эъломияи Хуҷанд – рамзи ҳамдилӣ
- Информация о материале
- Просмотров: 165
Ҳодисаҳои алоҳидае дар таърихи миллатҳо ба вуҷуд меоянд, ки на танҳо як воқеаи сиёсӣ, балки нуқтаи гардиш дар рушди муносибатҳои байнидавлатӣ ва омили таҳкими сулҳу субот дар минтақа ба ҳисоб мераванд. Имзои Эъломияи Хуҷанд, ки 31 марти соли 2025 дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо иштироки сарони се кишвари ҳамсоя — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид, маҳз аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои таърихӣ маҳсуб меёбад.
Ин санади муҳим ҳамчун рамзи дӯстии абадӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва иродаи сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таҳкими сулҳу субот ва рушди ҳамкориҳои судманд дар минтақа ба таърих ворид гардид.
Паёми сулҳ ва дўстӣ аз гаҳвораи тамаддун
- Информация о материале
- Просмотров: 392
Дар муносибатҳои байни давлатҳои ҳамсоя ва дӯсти Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон соле қабл саҳифаи наве боз гардида буд, зеро соли 2025 Эъломияи Хуҷанд ба имзо расид. Эъломияи Хуҷанд як санади муҳими таърихист, ки дар таърихи муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ саҳифаи наверо боз намуд. Дар асл, ин истилоҳ бештар ба силсилаи мувофиқаҳо ва рӯҳияи нави ҳамкориҳо ишора мекунад, ки заминаи он дар шаҳри Хуҷанд, ҳангоми мулоқотҳои сатҳи олии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон гузошта шудааст. Ҳадафи асосӣ табдил додани марз ба пули дӯстӣ аст.
Эъломия ва мувофиқаҳои дар Хуҷанд бадастомада пеш аз ҳама ба ҳалли масъалаҳои ҳассоси сарҳадӣ ва табдил додани минтақаҳои наздимарзӣ ба минтақаҳои рушди иқтисодӣ нигаронида шудаанд. Ин санад иродаи сиёсии ҳар се давлатро барои зиндагии осоишта дар фазои ҳусни ҳамсоягӣ тасдиқ мекунад. Хусусияти беназири ин раванд дар он аст, ки роҳбарони се кишвар маҳз дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он мулоқотҳои ғайрирасмӣ ва расмӣ анҷом дода, масъалаҳои мубрамро бидуни миёнарав баррасӣ карданд.
Шеваи нигориш ва тахайюли эҷодӣ дар повести “Пораи дили ман”
- Информация о материале
- Просмотров: 132
Нависанда ва публитсист Қурбон Алӣ аз оғози фаъолияти эҷодиаш ба фазои адабии солҳои ҳафтоди асри гузашта бо рӯҳия ва сабки тоза қадам ниҳод. Ошноӣ бо нигоштаҳои публитсистӣ ва бадеии ӯ маълум месозад, ки ӯ бо нигоҳи хос, ҷаҳонбинии фарқкунанда ва тасвири олами зебову рангоранги вижа, дар саҳнаи адабиёт зуҳур кардаст.
Насри муосири тоҷик аз оғози шаклгирии худ зиндагии мардумро дар иртибот бо рӯзгор ва фаъолияти иҷтимоии онҳо ба тасвир кашидааст. Равшан аст, ки ин равияи адабӣ пеш аз ҳама тавассути жанрҳои ҳикоя, қисса, повест ва роман зуҳур ва густариш ёфтааст.
Зимни баррасии повести «Пораи дили ман»-и Қурбон Алӣ месазад нахуст ба заминаҳои умумии эҷод ва ҷойгоҳи он дар насри муосири тоҷик назар афканем.
Нақши рўзнома дар рушди илм ва маориф
- Информация о материале
- Просмотров: 143
Дар шароити муосир матбуот яке аз воситаҳои муҳими иртибот байни илм ва ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар нигоҳдории таърих ва интиқоли дониш нақши муҳим мебозад. Тавассути матбуот на танҳо хабару рӯйдодҳои мухталиф, балки дастовардҳои илмиву таҳқиқотӣ ва фикру андешаҳои олимон низ ба омма пешниҳод мегарданд. Ин раванд ба болоравии сатҳи маърифатнокӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷомеа мусоидат мекунад.
Дар баробари ин, бидуни матбуот муваффақияти илм ба таври пурра амалӣ намегардад, зеро маҳз тавассути он натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, ҳимояи рисолаҳо ва дастовардҳои олимон дар рӯзномаву маҷаллаҳо нашр гардида, ба доираи васеи хонандагон дастрас мешаванд. Ин омил ба рушди илм ва густариши дониш дар ҷомеа таъсири мусбат мерасонад.
Страница 22 из 34






